“Ӯ гуфт модарамро зуд баред, ки занамро сироят накунад“

Ёд доред фелдшери тоҷикро, ки бо ашки худ ба нафсу номуси миллионҳо нафар расиду зери диққати ҳамаи тоҷикистониён шуд - аз ҷумла, раисиҷумҳур? Мо бо Муҳаммад Ҳисайнов дар тамос шудем ва суҳбате оростем. Дар бораи он рӯзҳои сахт, гирифториаш ба Covid-19, кӯдакии душвору вохурӣ бо президент, дар бораи ҳамкасбонаш ва мизоҷе, ки “аз модараш халос шудан мехост“. Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷ