Зикр шифои алб аст

💬 Зикр — шифои қалб аст Шейх ’Абдур - Раззак ал-Бадр (حَفِظَهُ الله) гуфт: «Аз фоидаи зикр (ёдкардани Аллоҳ): ин шифо аст барои қалб ва даво аз бемориҳои ӯ (аз сабаби гуноҳон). Мақҳул ибн ’Абдуллоҳ гуфт: «Зикри Аллоҳ — шифо аст, ва ёд кардани одамон — беморист». Инчунин зикр сиёҳии қалбро нобуд мекунад, азбаски дар қалб як сахтие ҳаст, ки ҳеҷ чиз онро «обаш карда» наметонад ғайр аз зикри Аллоҳ Таъала. Як шахс пеши ал-Ҳасани ал-Басри омад ва гуфт: “Йа Абу Са’ид, ман ба ту аз сахтии қалб шикоят мекунам!” Ӯ ҷавобдод: “Вайро бо зикр обкун”». 📖 См. «Фиқҳул-ад’ия вал-азкар» 1/25