2 ШАРТ ЯИН , БАР ЗИДДИ ШАКК ШЕЙХ АБДУЛЛА ИБН ИБРИН

2 ШАРТ — ЯҚИН, БАР ЗИДДИ ШАКК Ва шарти дуюм бошад, ин яқин аст. Инсон метонад маънои онро донад, ва донад, ки он ба чи далолат мекунад, ва онро гӯяд, ва лекин шак мекунад ба ҳақ буданаш, шак мекунад, пас ин кас бо яқин нест, яқин надорад дар он, ки ибодат танҳо барои як Аллоҳ аст. Инчунин мисол, агар вай дар шак бошад вай (калима) барояш бе фоида мешавад. Чигунае, ки Аллоҳ дар қуръон дар бораи мунофиқон гуфт: وَٱرۡتَابَتۡ قُلُوبُهُمۡ فَهُمۡ فِی رَیۡبِهِمۡ یَتَرَدَّدُونَ “Ва бо сабаби шак кашон онҳо саргардонанд“ (9:45) Ар-Ройб“ ин “аш-шакк“ – шубҳа аст яъне онҳо яқин надоштанд дар он, ки ибодат танҳо барои як Аллоҳ аст, балки онҳо шаккок буданд, дар шакку (шубҳа, ройб) ва саргардони буданд ва касе, ки шакк мекунад дар ҳақиқатии “Ля Иляҳа Илля Аллоҳ“, ин калимаи барои ӯ бе фоида мешавад ва барои ӯ манфиат намерасонад. Ва лозим аст то ки ӯ яқин ҳосил кунад ба ончие, ки он далолат мекунад, ва фаҳмад маънои ҳақиқии онро, ва бовар кунанд ба он бо боварии сахт дар қалб, барои он, то ки калима барои ӯ фойда расонад. Ва далил барои ин сухани Аллоҳ таъала: إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِینَ ءَامَنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمۡ یَرۡتَابُوا۟ وَجَـٰهَدُوا۟ بِأَمۡوَ ٰ⁠لِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِی سَبِیلِ ٱللَّهِۚ أُو۟لَـٰۤىِٕكَ هُمُ ٱلصَّـٰدِقُونَ Муъминон [-и ҳақиқӣ] касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ ва паёмбараш имон овардаанд ва [лаҳзае дар имонашон] тардид (ШАКК) накарданд ва бо молу ҷонашон дар роҳи Аллоҳ таоло ба мубориза бархостанд; инонанд, ки [дар эътиқод ва амал] садоқат доранд [Сураи Ал-Ҳуҷурат: 15] Ва далилҳо барои ин аз ҳадис عن أبي هُرَيرةَ رَضِيَ اللهُ عنه أنَّ النَّبيَّ صلَّى اللهُ عليه وسلَّم قال: (أشهَدُ أنْ لا إلهَ إلَّا اللهُ، وأنِّي رَسولُ اللهِ: لا يَلْقَى اللهَ بهما عَبدٌ غَيرَ شاكٍّ فيهما، إلَّا دخَلَ الجنَّةَ Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят мешавад, ки расули Аллоҳ ﷺ гуфт: «Ман шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуди бар ҳақ лоиқи ибодат ҷуз Аллоҳ, ва ин ки ман – расули Аллоҳ ҳастам! Кадом бандаи Аллоҳе бо Аллоҳ вохурад бо ин ду шаҳодат бе шакк ба онҳо, ба ҷаннат дохил мешавад!» Муслим 27. يَا أَبا هُرَيرَةَ، وأَعْطَاني نَعْلَيْهِ، فَقَال: اذْهَبْ بِنَعْلَيَّ هاتَيْنِ، فَمَنْ لقيتَ مِنْ وَرَاءِ هَذا الحائِط يَشْهَدُ أَنْ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ مُسْتَيْقِنًا بِهَا قَلْبُهُ؛ فَبَشِّرْهُ بالجنَّةِ Абу Ҳурайра ривоят мекард, ки Расули Аллоҳ ба ӯ гуфт «Рав, ва касеро, ки ту аз пушти ин девол бини, шаҳодат медиҳад, ки нест маъбуди бар ҳақ лоиқи ибодат ҷуз Аллоҳ, бо яқин дар қалбаш, пас ӯро башорат бо ҷаннат деҳ!» Муслим 31.