Иди Саиди Фитр муборак!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу! Портали иттилоотӣ - таҳлилӣ “Хабарҳо“ мардуми мусулмони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳонро бо Иди Фитр (Иди Рамазон) муборакбод мегӯяд. Аз Аллоҳ бо илтиҷо дуо карда мепурсем, ки ибодатҳо, рӯзадорӣ, намози таровиҳ, тиловати Қуръон ва амалҳои шоиста, ки дар ин моҳи муборак анҷом додаем ба даргоҳаш қабул намояд.